БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУҶАИ ОИЛА АЗ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМУДАНИ БАРҚ ҒАНӢ МЕГАРДАД

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” бармеояд, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID – 19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишоварзӣ ва муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ҷавонон” вохӯрӣ доир  намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо сарфакорона истифода бурдани неруи барқ  ва пардохти саривақтии маблағи он мебошад.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID -19 дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg