![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%9A%D0%BE%D0%BF%D0%B8%D1%8F%2020180511_180720.jpg?itok=vvXO7VGI)
А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳаллаи Озодии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи Паёми Пешвои миллат ва самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба масъулини мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз он ҷумла, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, ки Паёми Сарвари давлат ҳуҷҷати саримизии ҳар яки мосту тадбиқи он, зиндагии шоистаи мардум буда, ояндаи зиндагиамон аз он маншаъ мегирад.
Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин иштирокчиён андешаҳояшро баён намуда, таҳлилу хулосаҳои коршиносонро оид ба нуктаҳои Паём ба самъи ҳозирин расонданд.