БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДАБАРИИ НЕРӮИ БАРҚ БУҶАИ ОИЛАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон” -и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID - 19 ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” -ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ доир карданд.

Дар баромади худ намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захираи об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир, мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID - 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg