ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” гузарониданд.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён қайд карда шуд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он, истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
Ҳамзамон, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии (COVID-19) суҳбат карда шуда, ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оиди “оқилонаву сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ” дастрас карда шуд.