ПАНҶ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати оқилона истифодабарии неруи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ҷангал” гузарониданд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо қувваи барқ ва ниҳоят барои расидан ба ҳадафи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ кам нестанд. Ҷавобан аз ҷониби аҳолӣ риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва оқилона истифодабарии неруи барқ, ки ин нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, ки мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ муваффақ гардем. Зеро сарфакорӣ худ аз оила оғоз меёбад.
Ҳамзамон, масъулин оид ба пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (COVID -19) суҳбат намуда, ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ вобаста ба оқилонаву сарфакорона истифода бурдани неруи барқ тақсим карда шуд.