КӮЛОБ. Давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ миёни сокинон корҳои тарғиботӣ идома доранд.
Ин навбат аз ҷониби Ситоди гурӯҳи корӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои Нуробод, Сино, Ҷомӣ, Офтобрӯя ва Якуми май вохӯрӣ баргузор карда шуд. Зимни суҳбат аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки неруи барқро мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.
Ҳамзамон, доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони шахсӣ ва шинонидани картошка дар заминҳои бекорхобида, шинонидани гули лола дар назди ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо мутобиқ ба шарту шароит, додани тавсияҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, омода кардани фарзандони худ ҷиҳати иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -ватани азизи ман!” ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.