КӮЛОБ. Дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз амалҳои хайру савоб буда, яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади анҷом додани амали хайриявӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Саидов Мирзоалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ 10 нафар ниёзмандон аз маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Аз ин иқдоми хайрхоҳона аёдатшудагон болидаруҳ гардида, ба шахсони саховатпеша миннатдории хешро баён намуданд.