ҚУБОДИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаи “Аҳмади Дониш”, “Исмоили Сомонӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо ҷалби волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик»-ро дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди қувваи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти неруи барқро ба ҳамагон фаҳмонида, ба ҳар яки сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус буклетҳо дастрас карданд.