![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/132938030_879127059566508_5464597529375263732_o.jpg?itok=f5GfD4HN)
ВАХШ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодии 2021 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, С. Мӯсозода ҷиҳати дасти сахо дароз намудан ба ятимону бечорагон ба тарбиятгирандагони муассиса- интернати ноҳия кумаки моддӣ расонида шуд.
Дар ин рӯз кормандон ва тарбиятгирандагони мактаб-интенрат барои дастгириву ғамхориҳои беназири шахси ватандӯсту худогоҳ болидахотир гашта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва С.Мӯсозода изҳор доштанд.