БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НЕКИ ҲИЗБИЁН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Мунаввара Абдусаломзода ба аёдати собиқадорони меҳнат ва ниёзмандон рафта, ба эшон кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

Собиқадорони меҳнат ва ниёзмандон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри осоиш ва гулгулшукуфоии ин сарзамини биҳиштосо дасти дуо кушоданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар ҳузури эшон аз  ҷумла  гуфт, ки пирони рӯзгордида, ятимону бепарасторон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. “Имрӯз мо баҳри болидарӯҳӣ ва ошно шудан ба вазъи саломатӣ ва зиндагии шумо ба наздатон омадем. Он корҳое, ки шумо баҳри рушди давлату миллат кардаед бесамар нахоҳад  буд. Шумо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мо ҳизбиён қарор доред,” – гуфт Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода.

Шуъбаи иттилоот ва  матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон        

                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg