БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

ХУРОСОН. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон, омӯзгорон, падарону модарон, раисони маҳаллаҳо, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки зиёда аз 350 нафарро ташкил медод, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим ҷамъомадагонро бо моҳи шарифи Рамазон, моҳи хайру савоб табрику таҳният гуфта, дар давоми суханронии худ оид ба нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12-майи соли равон баргузор гардида буд, ибрози андеша намуд.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар охир аз тарафи иштирокчиён, падарону модарон ба сухан баромада, шукргузорӣ аз сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg