ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Хушодӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ба дарки сокинон расонида, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастраси ҳамагон намуданд.