БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРӮИ БАРҚ КАФОЛАТЕСТ ЗИМИСТОНРО БЕ ЯГОН МУШКИЛӢ ПАСИ САР НАМОЕМ

А.ҶОМӢ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Сафарозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов, Дӯстмурод Расулов раиси Ҷамоати деҳоти Иттифоқ ва дигарон бо ҷалби  волонтёрони  назди  Кумитаи иҷроия  бо сокинони як қатор маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти мазкур вохӯрию суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.

Зимни  вохӯрӣ ва суҳбатҳои сарироҳӣ, масъалаҳои  муроҷиати  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  ШСХК “Барқи тоҷик” оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ  ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Дар баробари ин  масъулин  бештар сокинонро  мавзӯъҳои дар болозикршударо фаҳмонида аз  онҳо  даъват  ба амал оварданд, ки ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ диққати ҷиддӣ диҳанд, то ин ки фасли зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg