БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

А.ҶОМӢ. Мутобиқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия таҳти роҳбарии Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроия бо ҷалби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сафарбек Наҷмиддинов ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  аз  машварати  корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар доир карда шуд, ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, муроҷиатномаи  ширкати “Барқи тоҷик”-ро риоя намудан, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии  (COVID - 19), истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ ва  кишоварзӣ  ва муқоисакунӣ  миёни  аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,  дар   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62   мулоқоту суҳбатҳо  доир намуданд.

Зимни суханронӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири захира  кардани  об  дар  обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан  ба  истиқлолияти  энергетикӣ вазифаи  ҳар  як  сокини  кишвар ва  тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад, ки ин муроҷиату дастурро бояд ҳар яки мо сармашқи фаъолияти шабонарӯзии хеш қарор диҳем.

Дар охир ҳамагон ба хотири амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар саҳни муассисаи таълимии мазкур беш аз 10 бех ниҳолҳои дарахти ҳамешасабзи  арча  ва дар гармхонаи  муассисаи  мазкур бошад, беш аз 300 бех гулҳои ороишӣ шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg