БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ (COVID-19) РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСИСТ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бениқоб набош” ва ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” бо усули “хона ба хона” дар маҳалаҳои ба номи А. Берунӣ ва Ҷ. Румии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ доир гардид.

Зимни суҳбат масъулин доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси COVID-19, ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан ва риояи гигиенаи шахсӣӣ мебошад. Худ ва дигаронро аз сироят ёфтан ҳифз намуда, қоидаҳои риояи гигиениро, аз қабили дастонро зуд-зуд шустан, ҳамеша аз воситаҳои гигиенӣ истифода намудан зарур мебошад.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур масъулин ба сокинон доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирс ниқобҳои тиббӣ ва ҷиҳати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ бошад, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg