БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади шарҳу тавзеҳи Муроҷиатномаҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Ширкати «Барқи Тоҷик» гурӯҳҳои  корӣ  аз ҳисоби фаъолон ва собиқадорони ҳизб таъсис ёфта, бо ҷалби волонтёрон бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома доранд. 

Ин навбат гурӯҳи корӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Фирӯза” ва “Тулаганов”-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  оид ба  истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пешгирӣ аз талафоти зиёди  неруи барқ, истифодаи лампаҳои каммасраф, бештар истифода намудани сӯзишвориҳо, аз ҷумла ҳезум, ангишт, гази табиӣ ҳангоми пухтани хӯрок ва гарм  кардани хонаҳои истиқоматӣ бо сокинон мулоқоти рӯ ба рӯ доир карданд.

Ҳамчунин, дар ин раванд оид ба   пешгирӣ  аз мавҷи  дуюми хуруҷи бемории коронавирус корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро риоя намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg