
ХУРОСОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои истифодаи самараноки қувваи барқ, пешгирии бемории коронавирус ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхона”, “Дармонгоҳ” ва “Боғчаи №1”-и ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар рафти суҳбат ба иштирокчиён мафҳуми Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба истифодаи самараноки қувваи барқ ва пешниҳод оид ба истифода бурдани воситаҳои гармидиҳии табиӣ фаҳмонида шуд ва ҳамагон барои татбиқи амалҳои неку созанда раҳнамоӣ гардиданд.