
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати ба мардум расонидани Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” ба мардуми Тоҷикистон оиди истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар ҳамкорӣ бо волонтёрон дар маркази ноҳия бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ ба бештар аз 250 соҳибхонаҳо варақаҳои иттилоотӣ дар асоси Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” тақсим карда шуд.