
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагонии Ватан” дар дӯкону мағозаҳои бозори колхозӣ оид ба зарурат ва аҳамияти пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷойҳои серодам суҳбат доир карданд.
Дар суҳбат фаҳмонида шуд, ки пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки шахсро аз сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла бемории хавфноки коронавирус эмин нигоҳ медорад. Бинобар ҳамин барои ҳифзи саломатии худу дигарон ва махсусан аҳли оила ба ҳар як шахс, новобаста аз он ки ӯ ҷавон аст ё бузург зарур аст, ки дар вақти иҷрои ин ё он кор, таҳсил, сайру гашт дар чунин ҷойҳо аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намояд. Волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба одамон бештар аз 330 адад варақаҳои иттилоотӣ паҳн намуданд.