
ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” тариқи усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар ҷараёни суҳбатҳо ба сокинон муҳтавои Ммуроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми кишвар, ки вобаста ба кам шудани захираи об дар обанбори Норак нашр шуда буд, расонида, онҳоро барои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ даъват карданд.
Гуфта шуд, ки ин вазъият дар натиҷаи кам шудани оби дарёҳо ба миён омада, захира намудани об дар обанборҳо танҳо бо мақсади бе мушкилӣ паси сар кардани зимистону баҳори дарпешистода лозим аст. Дар рафти суҳбатҳо инчунин, дар бораи риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ ва дигар нишондодҳои муайяншуда дар самти пешгирии бемориҳои сироятию мавсимӣ сухан рафт.