
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Истиқлол” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” доир гардида, дар корҳои ободонӣ 2 километр роҳи байни деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд. Иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ баҳри ободии маҳали худ ва фарзандонашон саҳм гузоштанд.