
ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир гардида, дар чорабинии ҳизбӣ муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» дар самти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ ва пардохти маблағи он ба дарки шаҳрвандон расонида шуд.
Инчунин, дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ сокинонро ба хотири беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишвории ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ маслиҳатҳои судманд дода, ба онҳо Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастрас карданд.