ШАҲРИТУЗ. Дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва бахши ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоати деҳоти Обшорон дар деҳаи Обшорон бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии «Идораи ҷангал», «Обшорон», “Пахтаобод», ба номи “Ҷӯра Назаров», “ Талбак Садриддинов» ва “Худойназар Холматов» Аксияи ҳизбии «Ниҳолшинонӣ» таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» баргузор гашта, бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 1800 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча, сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.