БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  таъмини  иҷрои  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Тоҷикистони азиздар доираи  Аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!”  дар  ҳамкорӣ  бо Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи  Носири Хусрав ва   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  ҷалби  аъзои  фаъоли  ташкилотҳои  ибтидоӣ  ва  волонтёрони  ҳизбӣ раиси  ноҳия Нишонзода  Даврон Назаралӣ,  бахшида  ба  30-солагии   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ду тарафи  шоҳроҳи  даромадгоҳи ноҳия  зиёда  аз  50  бех  ниҳолони  ҳамешасабзи    арча     шинонида шуд.

Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ иштирокдорон бо руҳияи баланди меҳнатӣ ба ҳашари умумӣ баромада, дар хуррамгардонии як гӯшаи диёр саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg