БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон-пайраву дастёри Пешвои миллат

КӮЛОБ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайём” чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайём” Гадоева Зулфия ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок доштанд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ қайд намуд, ки аз тарафи давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат нисбати ҷавонон аҳамияти хоса дода мешавад. Ҳамин дастгириҳои пайваста аст, ки ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни фарҳангию варзишии сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, Парчами тоҷиконро парафшон менамоянд. Дар ин миён мо ҷавонон-Созандагони Ватан ифтихор аз он кунем, ки дар роҳи созандагӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Пешвои миллат ҳастем ва кӯшиш намоем ба ин бовариву эътимоди бузурге, ки нисбати мо дорад, сазовор бошем.

Дар рафти чорабинӣ миёни хонандагон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол роҳандозӣ гардида, ҳамзамон аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва ҷавонӣ қироат гардида, барои ҷолибу хотирмон гузаштани ҳамоиш саҳначаи ҳаҷвӣ пешкаши ҳозирин намуданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо барои тарғиби оммавияти варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ равона шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg