ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум расонидани моҳияти Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Боҷик” оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар бештар аз 300 хонадоне, ки онҳо ба соҳибхонаҳо ҳамсуҳбат гардиданд, аз Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” якдилона пуштибонӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар фасли зимистон кӯшиш менамоянд, ки аз қувваи барқ камтар ва сарфакорона истифода намоянд.