ХОВАЛИНГ. Чунин буд мавзӯи суҳбате, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо ҷамъомадагон дар маркази таъмири техникии мошинҳо гузарониданд.
Дар суҳбат фаҳмонида шуд, ки пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам шахсро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории хавфноки коронавирус эмин нигоҳ медорад. Бинобар ин барои ҳифзи саломатии худу дигарон ва махсусан аҳли оила ба ҳар як шахс, новобаста аз он ки ӯ ҷавон аст ё пир зарур аст, ки дар вақти иҷрои ин ё он кор, сайру гашт аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намояд.