ЛЕВАКАНТ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Пойгоҳи гардиши Локомотив Хатлон» ҷиҳати муқоисакунии ҳаракати аъзои ҲХДТ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID – 19) вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба самаранок ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад, суханронӣ намуда, ӣброз доштанд, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки мо зимистони имсоларо бе ягон маҳдудият пушти сар намоем.