БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ПУШТИБОНИ ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД

ПАНҶ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ҷалби  соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ ҷиҳати аёдати оилаҳои ниёзманд ва маъюбон тадбирҳои судманд  амалӣ  гашта истодааст. 

Чунин иқдоми неку инсондӯстона дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба як нафар аз  оилаҳои ниёзманди ҷомеа,   маъюб аст, маводи хӯрока дар арафаи Соли нави мелодӣ  кумак расонида шуд. Зимни суҳбату мулоқотҳо шахси аёдаткарда шукри истиқлолият, шукри Ваҳдати миллӣ намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён дошта,  барои устувории пояҳои истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо бардошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg