НОРАК. Бо иштироки аъзои гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" оид ба оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ дар ҳар як оила ва сари вақт пардохти маблағи он суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.
Инчунин, зимни баргузории вохӯриҳо ба сокинон огоҳиномаи раиси шаҳри Норак ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дастрас карда шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода бурдан аз маводҳои сӯзишвории алтернативии гази табиӣ, ҳезум, ангишт ва брикет дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузоранд.