БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ПУРРАИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ЛЕВАКАНТ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ аз  мавҷи дуюми бемории коронавируси (COVID – 19) дар ташкилоти ибтидоии «Пайравони Сино» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар аввали вохӯрӣ аз тарафи намояндагони ҳизб  ба нафароне, ки бори аввал ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд. Сипас, масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи неруи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста аст. Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне, мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фасли зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.

Дар охир ба сокинон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” дастрас карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg