![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20201221_105814.jpg?itok=9hEYdYaS)
КӮШОНИЁН. Дар доираи нақша- чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳаи Қизилгули Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинон бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.
Масъулин дар чорабинии мақсаднок ба аҳолӣ моҳияти Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик»-ро фаҳмонида, оид ба сарфаю эҳтиёткорона истифодабарӣ ва пардохти саривақтӣ ва бовиҷдононаи ҳаққи хизматрасонии қувваи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо суҳбатҳо гузарониданд, ки аз ин чорабинии баргузоргардидаи ҳизбӣӣ сокинон ба худ таассуроти нек бардоштанд.