БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА БОМАСЪУЛИЯТ БОШЕМ!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”  бо иштироки сокинон ва Ситоди гурӯҳи кории таблиғотӣ вобаста ба самаранок истифода намудани  неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида вохӯрӣ баргузор шуд.

Нахуст, аз ҷониби аъзои Ситоди гурӯҳи корӣ ба саъми шаҳрвандон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри раиси вилояти Хатлон, муроҷиатномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” расонида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки неруи барқро  мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.

Ҳамзамон, доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони шахсӣ, шинонидани картошка дар заминҳои бекорхобида,  шинонидани гули лола дар назди ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо мутобиқ ба шарту шароит, додани тавсияҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, омода кардани фарзандони худ ҷиҳати иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg