КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ҳайти 11 нафар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳудуди маҳаллаи ба номи С. Даминзода корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуд.
Нахуст, бо усули “хона ба хона” дар наздики 150 хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон корҳои тарғиботӣ гузаронида шуда, ба дарки онҳо моҳияти Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри раиси вилояти Хатлон, муроҷиатномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик”, ки аз аз санаи 9.12.2020 бармеояд, расонида шуда, сокинон таъкид гардиданд, ки нерӯи барқро сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.