КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ҳайти 11 нафар гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуда, дар ҳудуди маҳаллаҳои ба номи А.Сино, ва А.Ҷомӣ ва марказҳои савдои шаҳри Кӯлоб миёни сокинон корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуд.
Нахуст, бо усули “хона ба хона” дар наздики 150 хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон корҳои тарғиботӣ бурда шуда, ба саъми онҳо мухтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри раиси вилояти Хатлон, муроҷиатномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” расонида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи барқро сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.