БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ВОСЕЪ.  Бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дирӯз муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии Ҷамоати деҳоти  ба номи М.Вайсов гузаронида шуд.

Зимни муқоисакунӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух иброз намуд, ки шукронаи тинҷиву амонӣ, шукронаи истиқлолият, шукронаи ин миллату сарзамин бояд кард, ки ҳамаи мо зиндагии шоиста ва орому осуда дорем ва пеш аз ҳама Пешвои оқилу доно насибамон гардидааст, ки доимо дар фикри ояндаи босаодати мо мебошанд. Ба қадри ин неъматҳо бирасем ва саҳми арзандаи хешро барои рушди босуботи Тоҷикистони азиз гузорем.

Дар идома масъулини ҳизбӣ аз ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg