ВАХШ. Бо мақсади саривақт фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” бо иштироки гурӯҳи вакили ҳизбӣ Тоҷинисо Расулова дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Мирзо Турсунзода” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Илҳом Даминов ва Тоҷинисо Расулова суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки тавре ба ҳамаи мо маълум аст муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудем ва аз ин хотир моро зарур аст, ки дар истифода намудани қувваи барқ сарфакор бошем, то тавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.
Инчунин, дар идомаи суҳбат доир ба бемории сироятии коронавирус аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ андешаронӣ карда шуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ, тозагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи неруи барқ бетараф набошанд.