БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ СУПОРИШҲО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ, аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия бо  усули "хона ба хона" мулоқоту вохӯриҳоро ҷиҳати расонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ доир карданд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Балҷувон Нурализода Ҷумахон ва аъзои он қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар санаи 15 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бармеояд, муроҷиатномаи Ҳукумати мамлакат ва Ширкати “Барқи тоҷиқ” бармеояд,  риоя намоем.

Ҳамчунин, дар ин раванд аъзои гурӯҳи таблиғотӣ сокинонро  таъкид карданд, ки бемории сироятии (COVID-19) имрӯзҳо боиси норасоии маводи озуқа гардида истодааст. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намуда, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ намоянд ва  қоидаҳои санитарию гигиениро низ риоя кунанд.

Дар охир ба ҳар як сокини деҳа варақаҳои таблиғотии огоҳиномаҳо тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg