Ш.ШОҲИН. Дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо истифода аз ҳайати ихтиёриёни ҳизбӣ дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бе ниқоб набош!» -ро ташкил ва баргузор намуданд.
Дар рафти баргузории Аксияи ҳизбӣ ихтиёриён ба кӯчаҳои шаҳрак баромада, миёни сокинон беш аз 60 дона ниқобҳои муҳофизатӣ ва 100 адад варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, саҳми хешро дар мубориза баҳри паст намудани шиддати бемории ҳамагири коронавирус гузоштанд.