Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати мубориза бурдан ва паст намудани шиддати мавҷи дуюми пандемияи (Covid-19) кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бе ниқоб набош!»-ро баргузор намуда, бо сокинон вохӯриҳои сарироҳиро анҷом доданд.
Дар чараёни баргузории Аксияи ҳизбӣ масъулин миёни сокинон беш аз 45 адад ниқобҳои яккаратаи муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, онҳоро таъкид карданд, ки дар давраи фасли зимистон худро бо риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд. Инчунин, дар ин раванд муроҷиатномаи Ҳукумати кишвар ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро шарҳу тавзеҳ дода, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки неруи барқро оқилона истифода бурда, барои гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ ва пухтани хӯрокҳо аз гази моеъ, ҳезум, ангишту брикет истифода баранд.