БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ ФАЙЗУ БАРАКАТ МЕОРАД

ШАҲРИТУЗ. Дирӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии ба номи Талбак Садриддинов ва дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногун мулоқот доир гардида, дар он моҳияти Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии он мулоҳизаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамчун шаҳрвандони асил ҳар як дастуру супоришҳои Ҳукумати кишварро сармашқи кору амали худ қарор дода, барои боз ҳам  наздик шудан ба ҳадафҳои созанда, яъне расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, таъмини зиндагии шоиста мусоидат намоем. Агар мо  ин амалҳои некро дар амал татбиқ намоем, дар оянда ба дастовардҳои хуб ноил гардида, барои худ ва дигарон  шароити хуби зиндагиро фароҳам месозем. Сипас, муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» ба ҳар як иштирокчӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg