
ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо иштироки занон ва ҷавондухтарон дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан намояндагони ҳизбӣ дар бораи муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба оқилона истифода бурдани қувваи барқ фикру андешаҳои хешро иброз дошта, таъкид карданд, ки дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба манфиати ҳар яки мо буда, моро ба зиндагии босаодат хоҳад расонд.
Инчунин, дар идома масъулин вобаста ба пешрафту ободии Ватан, рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, нақши занон дар таҳкими ҷомеаи муосир, мақоми зан дар ҷомеа андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободкориву созандагӣ раҳнамоӣ намуданд.