БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ФАЪОЛЗАНОНИ ҲИЗБӢ ДАР РУШДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР НАЗАРРАС АСТ

А.ҶОМӢ. Дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҲХДТ ва тибқи нақшаи кории бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия семинар-машварат  бо иштироки фаъолзанон, таҳти унвони “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори семинар як қатор аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назокат Қосимова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Назокат Қосимова дар назди иштирокдорон зимни суханронии хеш қайд намуд, ки бо гузашти инак 29 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати комил ва фарогири давлатӣ рушди бемайлон дошта, сифати рушд, аз  ҷумла, рушди бахши воқеӣ, таъмини шуғл, такмили низоми молиявӣ ва фазои сармоягузорӣ мавриди зикри хос мебошад. Дар ҳамин росто, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектони фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия  ва  барномаҳои  давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистони мо ояндаи наздик ба давлати пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии  орзуҳо  табдил  ёбад.

Ҳамчунон  изҳор дошта шуд,ки мар думи  шарифи  Тоҷикистон  итминони  комил доранд, ки сиёсати  созандаю ободкоронаи давлат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзафзун идомаву тақвият меёбад, зеро мақсаду ҳадафи чунин сиёсати воқеӣ фақат пешрафти иқтисодиёт, маънавиёт, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа буда, дурнамои ҳадафҳояш расидан ба саодати мардум ва осудагиву тараққиёти мамлакат мебошад.

Дигар баромадкунандагон низ дар доираи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз санадҳои муҳиме қабул ва татбиқ карда шуд, ки ҳадаф аз қабули санадҳои  зикршуда  пеш  аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам  овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад, суханронӣ карданд.

Дар охир ба иштирокчиёни семинар-машварат маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ва китобҳои хотиравӣ  аз  ашъори  ирфонӣ  ва ҳикмати инсонӣ дар эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тақдим  карда  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg