БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРӮИ БАРҚ МОРО БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ НАЗДИК МЕКУНАД

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади ба дарки сокинон расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраки Москва, Даштигуло ва Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда 1- 2, маркази дуюми барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати НБО-и Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд. Тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, бояд аз истифодаи оқилона ва сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg