БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тафаккури миллат ба сӯи созандагиву ободонӣ равона шудааст

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  мунтаззам гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо сокинон ба ҳукми анъана даромадааст.

Бояд тазаккур дод, ки вохӯриҳо  бо дарки баланди масъулиятшиносии кормандони Кумитаи иҷроия баргузор карда мешаванд.

Аввалан, дар ин вохӯриҳо маводҳои гуногуни  таблиғотӣ ба мисоли Оиннома ва  Барномаи ҳизб, ҳафтаномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва  «Ҳамрози халқ», дастурамалҳо, парчамҳои хурду калон, овезаҳои  ташкилоти ибтидоӣ, овезаи калонҳаҷми «Роҳбарияти ҳизб», буклетҳо ва амсоли инҳо истифода бурда шуда, баъдан, вохӯриҳо бо сокинон бо тариқи суҳбатҳои озод баргузор мегарданд. 

Чунин як вохӯрӣ дар  маҳаллаи Шӯри ҷамоати деҳоти ба  номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ  бо сокинон,  аз ҷумлаи  ҷавонон  доир гардид.

Нахуст, ҷамъомадро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия Шомаҳмадзода Музаффар кушода, мақсаду мароми ҷамъомадаро  ба иштирокчиён фаҳмонида дод.

Ҳамзамон, оид ба Паёми созандаи Сарвари давлат суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, соли 2018-ро  дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст. Иқдоми пешниҳодшудаи Пешвои миллат ба ташкили ҷойҳои нави корӣ  мусоидат намуда, ҳамзамон барои эҳёи фарҳанги миллӣ,  ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид ба вуҷуд меорад.

Ҳунармандӣ, як василаи хуби бой гаштани хазинаи оила маҳсуб ёфта, дар рушду такомули шахсият, тарбияи меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, зебоипарастӣ  заминаи мусоид фароҳам  меорад. 

Дар охир, якчанд нафар сокинони маҳаллаи Шӯр ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуда, бо пешниҳоди ҳозирин ташкилоти ибтидоии “Чаманистон-1”  таъсис дода шуд.

                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg