БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ БАРҚ - ОМИЛИ ТАЪМИНИ ДОИМИИ ОН

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи бачагони Танобчӣ”-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз машварати корӣ, ки 15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар доир карда шуд, ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”- ро риоя намудан, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID -19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб вохӯрӣ доир намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо оқилона истифода бурдани неруи барқ мебошад.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID -19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg