ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҳамзамон оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавируси (COVID - 19) дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев ба сухан баромада қайд намуд, ки чароғонии коргоҳу хонадони мо аз оқилона ва сарфакорона истифода бурдани кувваи барқ вобастагӣ дорад. Хомӯш намудани фурӯзонакҳо ва таҷҳизоти барқӣ баъд аз фаъолият истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар кору рӯзгор ин омилҳои муҳими сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аст. Қадрдонии ин неъмати бебаҳо, яъне қувваи барқ ба хотири чароғонии хонадону коргоҳҳо мебошад.
Мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.
Дар охир кормандони ҳизбӣ варақаҳои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба сокинон дастрас намуданд.