БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ

ДАНҒАРА. Бо мақсади амалӣ намудани Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”, инчунин пешгирӣ намудани мавҷи дуюми коронавирус   бо  усули "хона ба хона"  ба ҳар як оила  аз тарафи гурӯҳҳои муштараки  кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои дахлдор  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузашта истодааст.

Дар чорабиниҳои баргузоргардида масъулин бо ҳар як аъзои хоҷагӣ ҳамсуҳбат шуда, аз рӯи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар баробари ин сокинонро  бо мақсади пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус тавсияҳо  дода, аз гаштугузор кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,  масофаи байниякдигар, риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, бе ниқоб набаромадан ба кӯча ё маҳалла таъкидҳо карда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg