
ВОСЕЪ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб бо маром идома дорад. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳо дар деҳаи Восеъободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов муқоисакунии аъзои ҳизбро гузарониданд.
Ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила ҳуҷаттгузории ташкилотҳои ибтидоиро аз назар гузаронида, иброз намуд, ки аъзои ҲХДТ будан ҳам ифтихор ва ҳам барои ҳар яки мо шараф аст. Бинобар ин вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро миёни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбро бо масъулияти баланд иҷро намоем.