
Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Маданият мулоқоту вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд.
Сулаймонова Лола муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар фасли зимистон, пардохти маблағи саривақтии он, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 андешаронӣ карда, сокинонро даъват бар он кард, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаашон аз гази моеъ, ҳезум ва ангишту брикет истифода бурда, дар таъмини амнияти энергетикии кишвар бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳм гузоранд.